Пайвандҳои дастрасӣ

Наздики 50 хонаводаи деҳаи Навбулоқи ноҳияи Шӯрообод аз бунёди манзил дар замине, ки ҳукумати маҳаллӣ барояшон ҷудо кардааст, даст кашидаанд.

Дар номае ба унвони Радиои Озодӣ сокинон навиштаанд, ин замин макони бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, ба мисли бемории сӯхтанӣ, буғумдард, таби хунин буда, бунёди манзили зист дар он ҷо сиҳатии онҳоро зери хатар қарор медиҳад.

Ҷумъахон Сафаров, вакили ин деҳа мегӯяд, чорпоёне, ки дар ин мавзеъ мечарранд, дар аксари маврид ба бемории сӯхтанӣ ё худ "сибирская язва" гирифтор мешаванд. Бемории сироятие, ки дар бештари маврид ва дар зудтарин фурсат ҳайвону инсонро ба марг мерасонад. Сафаров мегӯяд, замони Шӯравӣ дар ин мавзеъ оғилхонаи бузурги давлатӣ мавҷуд буд ва ҳайвоноти гирифтори бемориҳои сироятиро дар он ҷо зери хок кардаанд, ки бо гузашти чанд сол хоку алафи мавзеъ заҳролуд шудааст.

Ӯ бо намояндагӣ аз сокинони ин деҳа гуфт: "Ин ҷо ҳудуди ферма ҳаст, ки касалиҳои хавфнок дорад. Ин тарафи масъаларо фикр кардан даркор. Аз тарафи дигар ягон шароит барои зиндагӣ надорад. На роҳ дорад, на барқу об. Лекин мо асосан, барои хатарнок буданаш ин заминро нагирифтем."

Ба гуфтаи сокинон, соле даҳҳо сар чорпо ҳангоми чаро дар ин мавзеъ ба бемории сӯхтанӣ гирифтор шуда, ба ҳалокат мерасанд. Исломшоҳ Шоев, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Шӯрообод мегӯяд, то ҳоло хоки ин мавзеъ дар ҳеҷ ташхисгоҳ ташхис (экспертиза) нашудааст ва сокинон низ то чанд моҳи пеш барои бунёди манзил дар ин мавзеъ розӣ буданд. Ҳоло ба гуфтаи ҷаноби Шоев ин мушкилро танҳо ҳукумати марказӣ метавонад, ҳал намояд: "Дар аввал ҳама хаттӣ ризоият доданд, ки дар он ҷо хона мекунем. Ҳоло чунин масъаларо пеш гузоштаанд. Агар дар ҳақиқат ин мавзеи хатарнок бошад, ҳукумати маҳаллӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад, он гоҳ мумкин аст, қарор иваз шавад ва сокинонро дар дигар мавзеъ замин диҳанд."

Сарпечии сокинони деҳаи Навбулоқи ҷамоати Чагами ноҳияи Шӯрообод аз гирифтани замини ба гуфтаи онҳо "ниҳоят хавфнок" дар ҳолест, ки ҳафтае пеш як сокини ин ҷамоат бо нишонаҳои бемории хавфноки таби хунин дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудааст. Ба дунболи ин, хонаводаи ӯ ва чаҳор пизишк ҳамчун гумонбари бемории таби хунин таи ду ҳафта табобат гирифтаанд.

Таби хунин аз хавфноктарин бемориҳои сироятӣ дониста мешавад, ки соле пеш се пизишк ва чанд сокини ноҳияи Ҳисорро ба ҳалокат расонд. Аммо тарси сокинони деҳаи Навбулоқ аз ин мавзеъ то куҷо асос дорад, танҳо комиссияи махсус маълум бояд кунад, ки то ҳанӯз таъсис наёфтааст ва сокинон ба умеди он мунтазир нишастаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG