Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ин рӯзҳои гарми тобистон дар шаҳри Хуҷанд бунёди нахустин майдони варзишии яхбозӣ ба анҷом мерасад.

Боз шудани нахустин майдони болокушодаи ях ба кӯдакон ва ҳаводорони варзиш шароитеро фароҳам меорад, то ин ки ба бозиҳои зимистона машғул шуда, тафси ҳавои фасли гарморо фаромӯш кунанд.

Майдони ях дар маркази Хуҷанд, канори маҷмааи шиноварӣ чун як бахши он бунёд шуда, 40 ба 30 метр тӯлу бар дорад ва барои бозиҳои хоккей, дав ва рақси рӯи ях мувофиқ аст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ях сунъӣ буда, бо дигар таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ворид карда шудааст ва рӯзҳои наздик бо ёрии мутахассисони ин кишвар насб карда мешавад.

Осим Охунов, раҳбари Маҷмааи шиноварӣ ва майдони яхбозӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ дар бораи имконоте, ки варзишгоҳи нав барои атфол фароҳам меорад, гуфт: “Яхи сунъии ин майдон аз яхи табиӣ танҳо 5 фоиз фрқ мекунад. Барои ҳамин ин ҷо бемалол машқи конкитозиву рақсу хоккей кардан мумкин аст. Бачаҳои хоҳишманд ҳам бисёр ба мо муроҷиат карданд ва мо як рӯйхат тартиб додем. Ҳоло барои машқи онҳо дар оянда мураббиёнро ҷустуҷӯ дорем.”

Ба гуфтаи вай, ворид шудан ба майдони барои варзишгарон ройгон ва барои хоҳишмандони дигар пулакӣ хоҳад буд.

Варзиши рӯи ях дар Тоҷикистон, умдатан дар Тоҷикистон бинобар набудани варзишгоҳҳои махсус чандон равнақ надорад. ​ Замони шӯравӣ танҳо лижаронӣ аз навъҳои варзиши зимистонӣ маъруфияте дошт ва лижаронҳои тоҷик ва ҳаводорони лижаронӣ дар варзишгоҳи зимистонии Варзоб тамрин мекарданд.

Наим Сулаймонов, раҳбари маҷмааи варзишии варзишгоҳи нави футбол дар Хуҷанд мегӯяд, ҳаводорони варзиши зимистонӣ дар Суғд низ кам нестанд ва майдони варзишӣ барои онҳост: “Асри гузашта тобистон ба лижаронӣ ба лагери баландкӯҳи Исфанаи Қирғизистон ё наздикии Тошканд ё то лагери лижаронии Чилони наздикии Тошканд мерафтем. Ин аввалин майдони яхбозӣ дар вилояти Суғд аст, ки кӯдакон кушодашавии онро бесаброна мунтазиранд.”

Майдони яхбозии кушоди Хуҷанд баъди чунин майдони болопӯшида дар Душанбе дуюмин дар Тоҷикистон аст, вале аз майдони пойтахт калонтар ва имконоташ бештар мебошад.

Осим Охунов, раҳбари Маҷмааи шиноварӣ ва майдони яхбозии Хуҷанд бо ишора ба ин мегӯяд, дар сурати ҷалби зиёди ҳаводорон дар оянда теъдоди чунин майдонҳои варзиширо хоҳад афзуд. Майдони яхбозии Хуҷандро ширкати маҳаллии “СМС” бо 3 миллион сомонӣ бунёд кардааст, ки аз буҷаи вилоятӣ пардохта хоҳад шуд. Ифтитоҳи он дар оғози моҳи сентябр дар назар гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG