Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

50 фоизи мардум аз кайфияти роҳҳои Тоҷикистон розӣ, вале 49 дарсад норозӣ будаанд.

Чунин аст як натиҷаи асосии назарсанҷии ахири Gallup, ки бар асоси пурсиши дастикам 1000-нафарӣ дар 148 кишвари дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон анҷом шудааст.

Роҳҳои хароби рустоҳо...

Сифати роҳҳои Тоҷикистон дар солҳои охир беҳтар шудааст, вале асосан дар шоҳроҳҳо. Бо ин ҳол, беш аз 80 дарсад аз 13 978 километр роҳҳои мошингарди кишвар роҳҳои маҳаллианд, ки аксаран аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ рӯи тармимро надидаанд ва як ҳоли хароб доранд.

Ба гуфтаи Абдушукур, як ронандаи таксӣ, вазъи роҳҳо бахусус дар рустоҳо хеле ҳузнангез аст: “Ягон роҳи ҳалол нест, ҳама кандагиву хароб аст. Роҳҳо чунон расво шудаанд, ки мошин хеле зуд аз кор мебарояд. Қариб ҳар моҳ бояд мошинатро аз нав тармим кунӣ. Дили одам намешавад, ки мошинашро ҳатто барорад ба ин хел роҳ.”

... ва чанд шоҳроҳи обод, вале бо кумаки Чин

Аммо Бозоралӣ Ҳаётов, раҳбари идораи сохтмону хоҷагии роҳи вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, Тоҷикистон тақрибан аз солҳои 2000 бо ҷалби қарзҳову кӯмакҳои хориҷӣ ба тармими роҳҳояш пардохт ва дар ин 12 сол бозсохти 17 шоҳроҳи тӯли умумиаш 882 километрро анҷом дод. Оқои Ҳаётов мегӯяд, роҳҳои маҳаллӣ низ аз мадди таваҷҷӯҳ дур намондаанд, балки аз ин 882 километри бозсохтшуда 340 километраш роҳҳои маҳаллист.

Ба гуфтаи ин мақоми вазорати нақлиёт, дар ҳоли ҳозир боз 8 тарҳи дигар дар дасти тармим қарор дорад, ки тақрибан ҳамааш шоҳроҳҳои стротегианд: “Дар 8 объект корҳои сохтмониву таҷдидӣ идома дорад. Аз ҷумла нақби Шаҳристон, марҳалаи севуми шоҳроҳи Шоҳон –Зиғарв, ки 18,7 километр аст, роҳи Кӯлоб –Қалъахумб, ки 40 километр роҳ аст ва кор аз Шӯрообод оғоз шуда, тарафи Қалъахумб рафта истодааст. Кор дар марҳалаи дувуми роҳи Душанбе –сарҳади Қирғизистон, роҳҳои Душанбе –Данғара ва Душанбе –Турсунзода ҳам идома дорад.”

Тоҷикистон сохтани роҳҳоеро, ки кишварро бо хориҷ пайваста, аз бунбасти коммуникатсионӣ берун бикашанд, аз аҳдофи стротегии худ қарор дода, барои иҷрои чунин барномаҳо то имрӯз дар маҷмӯъ аз хориҷ ба сурати қарзу кӯмакҳои билоиваз беш аз 1 миллиард доллар ҷалб кардааст. Сохтмони роҳ як кори хеле пурхарҷ аст ва Тоҷикистон, ки қарори маълум, чунин имконоти молӣ надорад, ин тарҳҳоро асосан бо кумаки хориҷӣ, аз ҷумла бо қарзҳои Чин ва шояд ба ҳамин далел, асосан тавассути ширкатҳои роҳсозии Чин анҷом медиҳад.

Чин аз ҷумла барои бозсозии шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд –Чаноқ 281 миллион доллар ва барои танҳо марҳалаи аввали бозсохти роҳи Душанбе-Данғара бо нақби Чормағзак 49 миллион доллар қарз додааст. Ҳазинаи бозсохти шоҳроҳи Душанбе –Турсунзода-Пахтаобод ҳам 186 миллион доллар баровард шудааст, ки асосан Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ва Бонки осиёии рушд таъминаш хоҳанд кард.

Фарқи роҳҳои Тоҷикистон аз Шарҷаву Дубай

Бар асоси назарсанҷии ахири Gallup, бештар аз ҳама – 90 дарсади аҳолӣ- аз сифати роҳҳо дар Имороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Суннатуллоҳ Саидов, як соҳибкори тоҷик, ки аз Имороти Араб ба Тоҷикистон мошин ворид мекунад ва табъан таҷрубаи ронандагӣ дар ин ду кишварро дорад, мегӯяд, байни роҳҳои Тоҷикистон ва Дубай ё Шарҷа фарқ ҳанӯз аз замин то осмон аст.

Суннатуллоҳ мегӯяд: “Беҳтарин роҳҳо дорад Иморот. Ягон чуқуриву гурмашро намебинӣ. Ду тарафи роҳҳо ҳама гулкориву сангкорӣ ва сабзае, ки мисли қолин аст. Ман дар ягон ҷояш надидам, ки ягон роҳаш кандагӣ бошад, ё чуқурӣ дошта бошад. На дар Шарҷа ва на дар Дубай. Дар ҳамин ду шаҳре ки гаштаам, дар ягонтоаш роҳи хароберо надидаам. Хайр, роҳҳои худамон беҳад бад буд, вале ахиран каме созтарашон карданд. Баъди барфу борони зимистон роҳҳои мо хеле хароб шуда буд. Ҳоло каме беҳтаранд, вале аз Иморот мо шояд садсолаҳо қафоем ҳанӯз. Ба ҳар сурат, роҳҳои мо хуб нестанд, фақат як каме дарбеҳашон мекунанду тамом.”

Назарсанҷии Gallup ҳамин тавр пойинтарин мизони қаноат аз сифати роҳҳо – ҳамагӣ 36 дарсадро дар паҳнои шӯравии собиқ ва дар кишварҳои Саҳрои Кабири қораи Африқо мушоҳида кардааст. Ва асосан ба далели вазъи роҳҳо, фарҳанги бади ронандагӣ ва ҳам қоидаҳои ғайримуассири ҳаракат, ки ин ҳама дар ниҳоят мизони баланди садамаҳои ҳалокатборро дар ин кишварҳо дар пай дорад.

Ҳар киву дави аспаш

50 дарсад мизони ризоият ва норозигии 49 фоизи мардум аз шароити роҳҳои Тоҷикистон нисбат ба ҳамагӣ 17 фоизи ризоият дар Молдова, ё 10 дарсади ҷазираҳои Комор, ки пойинтарин мизони ризоияти мардум аз роҳҳои кишвар дар дунёст, албатта, беҳтар аст, вале аз нигоҳи бахусус амният бо кишварҳои пешрафтаи дунё қобили қиёс нест.

Аммо агар ронандагон маъмурони фосиди пулисро, ки дидаи тамаъ ба ҷайби ронандагон медӯзанд, як дарди сар дар роҳҳои Тоҷикистон бидонанд, ҷониби дигар фарҳанги дар байни ронандагон роиҷи “ҳар киву дави аспаш” ва писанд накардани қоидаҳои ҳаракатро як иллати асосии садамаҳои нақлиётӣ ва ҳалокати мардуми зиёд дар ҷодаҳои кишвар унвон мекунанд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, аз тарси ронандаҳои сабуксар то ҳол хеле бо шасту бо ҳарос аз роҳ мегузарад. Ҳатто агар чароғаки роҳ сабз бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG