Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Орзуи муҳоҷират ба Канада, ҷавононро ба доми фиреб бурд


Аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ шаҳрванд Дилафрӯз Умарова соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Варзоб дастгир шудааст.

Ӯ моҳи марти соли 2011 ҳангоми дар вазифаи роҳбари ҶДММ «Дунёи Дониш» фаъолият карданаш ба боварии шаҳрванд Парвиз Абдуллоеви 23 сола даромада бо гирифтани 2760 доллар, ваъда додааст, ки ӯро ба Канада мефиристад.

Ҳамин тариқ хонум Умарова моҳи феврали соли 2012 бо ҳамин ваъдаҳо аз шаҳрванд Наврӯз Абдуллоев соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҳисор низ 6000 доллари амрикоӣ гирифта ба манфиати худаш сарф намудааст.

Бо орзуи ба Канада рафтан Исмоил Алиев 3700-доллари амрикоӣ, Дилшод Қодиров 4000-доллари амрикоӣ ба Дилафрӯз Умарова додаанд.

Умуман Дилафрӯз Умарова аз шаҳрвандони номбурда 16 460 доллари амрикоӣ ба даст овардааст. Аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
XS
SM
MD
LG