Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба фурудгоҳи Багром мушак андохтаанд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи Амрико дар Афғонистон ҳавопаймое осеб дидааст, ки генерали амрикоӣ Мартин Демси дар сафараш ба Кобул аз он истифода мекард. Мартин Демси, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дар ҳавопаймои навъи С-17 набуда ва осебе ҳам надидааст. Генерал Гуентер Катз, сухангӯи Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон ба раҳбарии НАТО дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ду таъмиргари мо дар ин ҳодиса захмҳои сабук бардоштаанд, аммо ҳоло вазъашон хуб аст. Дигар касе кушта ва ё захмӣ нашудааст.“ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки мушакҳоро ҷангҷӯёни ин гурӯҳ партоб кардаанд, ки ба як чархбол ҳам осеб расонидааст. Ҳамла ба пойгоҳи Багром дар наздики Кобул сурат гирифтааст, ки зуд-зуд ҳадафи ҷангҷӯён дар Афғонистон қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG