Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори СММ аз хуруҷи бемории таби хук


Муассисаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милал (ҒАО) ҳушдор додааст, ки хуруҷи бемории таби хук дар Украина метавонад дар кишварҳои дигар ба мисли Молдова, Қазоқистон ва Латвия паҳн шавад. Муассисаи мазкур, ки дар Рум қароргоҳ дорад, бо нашри баёнияе гуфт, агарчӣ мақомоти Украина фавран монеъи густариши беморӣ шудаанд, аммо ангезандаҳои беморӣ дар минтақаи Қафқоз роҳ ёфта ва метавонанд, ба манотиқи ҳамсоя сироят кунанд. Ба гуфтаи Созмони Милал, дар Молдова, Қазоқистон ва Латвия мардуми зиёде дар хонаҳои худ хук парвариш мекунанд, ки “акнун дар маърази хатари беморӣ” қарор гирифтаанд. Агарчӣ таби хук ба инсонҳо сироят намекунад, аммо метавонад, шумораи зиёди ин ҳайвони хонагиро маҳв намояд.
XS
SM
MD
LG