Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон ҳизби нав таъсис доданд


Дар Туркманистон як ҳизби наве бо номи Ҳизби Тоҷирону Соҳибкорон таъсис ёфт. Дар анҷумани имрӯзаи тоҷирони соҳиби корхонаҳои хурду миёнаи туркман дар Ашқобод ойинома ва барномаи ҳизб пазируфта ва раёсати ҳизбро интихоб карданд. Аввали ҳамин сол, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури худкомаи Туркманистон дастур дод, то ба низоми яккаҳизбӣ дар кишвараш хотима дода шавад. Моҳи март мақомоти Туркманистон гуфтанд, ки дар кишвар ду ҳизб, ҳизби аграрӣ ва ҳизби соҳибкорон таъсис хоҳад шуд. Баъди истиқлоли Туркманистон дар соли 1991 то кунун дар ин кишвар ҳеҷ ҳизби сиёсии дигарандеш сабт нашуда буд ва сиёсати ҳукуматаш ҳам шабеҳи сиёсати коммунистони замони шӯравист.
XS
SM
MD
LG