Пайвандҳои дастрасӣ

Нисфи мардуми тоҷик аз сифати роҳҳои кишвар қонеъ будаанд


Бино ба як назархоҳӣ, 50 дар сади мардуми Тоҷикистон аз сифати роҳҳои кишвар розӣ будаанд, агарчӣ солона дар ин роҳҳо садҳо нафар кушта мешавад. Айни замон дар назархоҳии муассисаи назарсанҷии “Gallup”, 49 дар сади дигари мардум гуфтаанд, ки роҳҳои Тоҷикистон харобу вайронанд ва онҳоро қноатманд намекунанд. “Gallup” ин назарсанҷиро дар 148 кишвар анҷом дода ва дар ҳар кишвар аз 1000 нафарӣ дар бораи вазъи роҳҳо суол кардааст. Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиёти ҳалок мешаванд ва яке аз сабабҳои маргу мири зиёд дар садамаҳоро роҳҳои ноҳамвори кӯҳии кишвар медонанд.
XS
SM
MD
LG