Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози қирғизҳо аз рафтори марзбонони ӯзбак


Дар яке аз гӯшаҳои марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон даҳҳо нафар ҷамъ омада ва хостаанд, ки як пойгоҳи сарҳандии Ӯзбакистонро аз ин маҳал бардоранд. Бино ба гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ҳудуди 100 нафар аз рустои Боз-Адир дар назди ин посгоҳ ҷамъ омада ва гуфтаанд, ки марзбонони ӯзбак посгоҳи мазкурро ғайриқонунӣ дар қаламрави Қирғизистон сохтаанд. Ин мардум бим доранд, ки дар сурати мустақар кардани сарҳадбонон бар посгоҳ, ки имрӯз касе онҷо набудааст, чарогоҳи Қарачоқу дар ин минтақа комилан ба қаламрави Ӯзбакистон мегузарад. Як мақоми расмии минтақа ба назди ин мардум ҳозир шуда ва гуфтааст, масоили баҳсбарангези марзии миёни Қирғизистону Ӯзбакистонро комиссияи байниҳукуматӣ ҳал хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG