Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои генерали амрикоӣ дар Кобул осеб дид


Мақомоти расмӣ мегӯянд, бар асари ҳамлаи мушакӣ ба як пойгоҳи Амрико дар Афғонистон ҳавопаймое осеб дидааст, ки генерали амрикоӣ Мартин Демси бо он вориди Кобул шуд. Ба гуфтаи мақомот, Мартин Демси, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида дар ҳавопаймои С-17 набуда ва осебе ҳам надидааст. Баъди ин ҳамла, Мартин Демси аз пойгоҳи Багром дар Кобул ба дигар ҷой рафтааст. Ба гуфтаи Дейв Лапан, сухангӯи Мартин Демсӣ, шаби гузашта ду мушак дар пойгоҳи Багром исобат карда ва яке аз онҳо ба ҳавопаймои С-17 садама зад. Аз онҷо ки генерали амрикоӣ ва ҳамроҳонаш дар хобгоҳҳои худ дар Багром будаанд, осеб надиданд.
XS
SM
MD
LG