Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ин рӯзҳои ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло дар шаҳри Хуҷанд бунёди нахустин майдони варзишии ях дар Тоҷикистон ба анҷом мерасад.
Мирҳаким Тағоев, раҳбари ширкати маҳаллии “СМС”, ки майдони яхро бунёд кардааст, ба Озодӣ гуфт, дарозиву бари майдончаи варзишии ях 40 ба 30 метр буда, барои бозиҳои хоккей, дав ва рақси рӯи ях мувофиқ аст. Дар ин майдон кӯдакон дар фасли гармо метавонанд даме ба бозиҳои зимистонии рӯи ях машғул шуда, тафси бесобиқаи ҳаворо фаромӯш кунанд.
Яхи сунъӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ аз Чин ворид карда шуда, насби он низ бо ёрии мутахассисони чиноӣ сурат мегирад. Барои сохтмони майдони ях аз буҷаи вилоятӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
Ифтитоҳи расмии майдони яхбозӣ дар оғози моҳи сентябр дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG