Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварону нозирони бозиҳои 1/4 финалии Ҷоми Тоҷикистон


Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои аввали 1/4 финалии Ҷоми Тоҷикистонро таъйин кард.

Бозиҳои аввали чаҳорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзҳои 22-юм ва 23-юми август баргузор мешаванд.

Ҷоми Тоҷикистон. 1/4 финал. Бозиҳои аввал
22-юми август, чоршанбе. Оғози бозиҳо - соати 17.00


«ХАЙР» (Ваҳдат) - «ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе). Варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат. Сардовар: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд).
Ёваронаш: Ҳайбулло Нарзуллоев (Ҳисор), Алишер Қараев (Шаҳринав).
Довари эҳтиётӣ: Акмал Бӯриев (Турсунзода). Нозири бозӣ: Мирзо Мамадҷонов (Душанбе).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ИСТИҚЛОЛ:» (Душанбе). Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак).
Довари эҳтиётӣ: Абдурашид Муродов (Турсунзода). Нозири бозӣ: Владимир Домуллоҷонов (Душанбе).

«ҲОСИЛОТ» (Фархор) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода). Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор. Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).
Ёваронаш: Исматулло Мӯъминов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду– Хуросон).
Довари эҳтиётӣ: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

23-юми август, панҷшанбе. Оғози бозӣ - соати 17.00

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Холмурод Зардов (Душанбе). Ёваронаш: Мустафо Исломов (Восеъ), Сайёд Зайниддинов (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадабоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Садриддин Мустафоқулов (Ҳисор).
XS
SM
MD
LG