Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико фазонаврди InSight-ро ба Миррих мефиристад


Ожонси фазонавардии Амрико мавсум ба NASA эълон кард, ки дар соли 2016 ба сайёраи Миррих роботе хоҳад фиристод, то умқи ин сайёраи сурхро таҳқиқ кунад. Фазопаймои InSightДар Миррих бо таҷҳизот фуруд меояд ва шароити ҷуғрофиёиву умқи ин сайёра мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Тамоми маълумотҳои ба дастомада аз ин таҳқиқот ба замин ба муҳаққиқон фиристода мешавад. Донишмандон мегӯянд, ин кор имкон хоҳад дод, ки онҳо роҳҳои шакл гирифтани сайёраҳои сахраӣ ё сангӣ, аз ҷумла сайораи заминро биомӯзанд.

Фазонаварди InSight 425 миллион доллар арзиш дорад ва таҷҳизоти чандон гарон ба шумор намеравад. Нархи дастгоҳи партоб ба он дохил намешавад.

Ду ҳафта пеш сафинаи миррихнавард дар Миррих фуруд омад ва ҳоло фаъолияти он идома дорад. Он бар асоси барномаҳои NASA фаъолият мекунад.
XS
SM
MD
LG