Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин, Раҳмон ва Карзай аз Покистон боздид мекунанд


Бино ба хабарҳои матбуоти Покистон, 2-3 октябр Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон, Ҳомид Карзай-руасои ҷамоҳири Русияву Тоҷикистон ва Афғонистон аз Исломобод боздид ва масоили ҳамкориҳоро баррасӣ мекунанд.

Президент Путин бори аввал аз Покистон боздид ба амал меорад. Ин ду кишвар ба нақша гирифтаанд, ки ҳамкориҳояшонро густариш диҳанд.

Бино ба ин хабар, ба ҷуз аз ҳамкориҳои иқтисодии ҷонибҳо, қарор аст дар музокирот вазъ дар Афғонистон низ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG