Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Обама ба Сурия дар бораи истифода аз аслиҳаи кимёвӣ


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ҳушдор дод, ки агар режими Асад аслиҳаи кимёвиро аз ҷо беҷо кунад ва ё аз он истифода барад, дар он сурат посухи Амрико ба муноқишаи Сурия тағир хоҳад кард. Обама гуфт, ки “дар ин маврид” дастури мудохилаи низомии Амрикоро содир накардаст, вале Амрико “вазъро хеле бодиққат назорат мекунад”. Обама гуфт:

“Агар мо мушоҳида кунем, ки аслиҳаи кимёвӣ аз як ҷо ба ҷои дигар бурда шудааст ва ё аз он истифода мешавад, оқибати чунин кор ногувор хоҳад буд”.

Обама афзуд, дар чунин шароит нируҳои Амрико ба ҳолати “омодабош” хоҳанд даромад. Бино ба гузоришҳо, режими Асад ба аслиҳаи кимёвие, ки асабро фалаҷ мекунад, дастрасӣ дорад.
XS
SM
MD
LG