Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ассанж аз Обама хост, ки ба “шикор”-и WikiLeaks хотима диҳад


Муассиси WikiLeaks ба балкони сафоратхонаи Эквадор баромада аз президент Обама хост, ки таъқиби ӯро хотима диҳад.

Рӯзи якшанбе Ҷуллиан Ассанж-муассиси WikiLeaks дар Лондон ба балкони сафоратхонаи Эквадор баромад ва аз президент Барак Обама хост, ки ба истилоҳи худаш ба “шикор”-и созмони WikiLeaks хотима диҳад.

Вай гуфт: “Ман аз президент Обама мехоҳам, ки кори дурусте анҷом диҳад. Амрико бояд аз шикори WikiLeaks даст кашад. Амрико бояд аз расидагиҳои Дафтари федеролии бозрасӣ ё FBI сарфи назар кунад. Амрико бояд эълон кунад, ки кормандони мо ё ҷонибдорони моро ба додгоҳ нахоҳад кашид”.

Дар давоми ду моҳи ахир, яъне аз замоне, ки Ассанж дар сафорати Эквадор дар Лондон паноҳ бурд, вай бори аввал дар чашми омма намоён шуд. Вай дар сафорати Эквадор барои он паноҳ бурд, ки вайро ба Шветсия истирдод накунанд. Вай барои даъвоҳои шаҳвонӣ бо духтарон муттаҳам дониста мешавад.

Ассанҷ мегӯяд, вай метарсад, ки агар вайро ба Шветсия таслим кунанд, Шветсия вайро ба Амрико таслим мекунад ва дар Амрико Ассанҷро барои ифшои номаҳои махфии дипломатии Амрико дар соли 2010 тавассути WikiLeaks ба додгоҳ мекашанд.

Ассанж дар изҳороти 10-дақиқаии худ аз Амрико хост, ки Бредлӣ Меннингро аз зиндон раҳо кунанд. Бредлӣ сарбози амрикоист, ки гӯё номаҳои махфии ин кишварро ба WikiLeaks додааст. Ҳоло Бредлӣ барои кӯмак ба душман муттаҳам дониста мешавад ва мунтазири мурофиаи додгоҳист.

Рӯзи панҷшанбе Эквадор дар сафоратхонаи худ дар Лондон ба Ҷулиан Ассанж паноҳгоҳ дод, вале Британия мегӯяд, намегузорад, ки Ассанж аз кишвар хориҷ шавад. Британия мегӯяд, ки масъулияти қонунии худро иҷро мекунад, ва Ассанжро ба Шветсия таслим мекунад.

Зоҳиран Ассанж моҳи июн дар сафорати Эквадор паноҳандагӣ пайдо кардааст. Вай дар изҳороти даҳдақиқаии худ рӯзи якшанбе дар бораи даъвоҳои шаҳвонӣ чизе нагуфт. Вай ҳамчунин нагуфт, ки сарнавишти баъдии вай чӣ хоҳад шуд. Вале аз ҷонибдоронаш, ки дар назди сафоратхонаи Эквадор гирдиҳам омада буданд, изҳори сипос кард ва мавриди пазироии гарми онҳо қарор гирифт.

Даҳҳо нафар пулиси Лондон рӯзи якшанбе бинои сафоратхонаро ба муҳосира дароварда буданд. Британия мегӯяд, Ассанж шаҳрванди Австралия аст ва ҳар гоҳ, ки аз бинои сафоратхона пой берун ниҳод, боздошт хоҳад шуд. Аммо Виллиам Ҳейг-вазири корҳои хориҷаи Британия мегӯяд, кишвараш мехоҳад, ки ин масъаларо “дӯстона” ҳал кунад.

Амрико бар ин назар аст, ки сарнавишти Ассанж масъалаест, ки онро бояд Шветсияву Британия ва Эквадор ҳал кунанд.
XS
SM
MD
LG