Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ-дафтари машваратии СММ дар Сурия


Лахзар Иброҳимӣ
Лахзар Иброҳимӣ
Сар аз имрӯз ваколати гурӯҳи нозирони СММ дар Сурияи ҷангзада расман ба поён расид. Гурӯҳ дар моҳи апрел бо ҳадафи назорати оташбаси Сурия таҳти раҳбарии собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннон таъсис ёфта буд. Дар моҳи июн ҳамзамон бо шиддат ёфтани бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои режими Башор ал-Асад ва ошӯбгарон 300 нозири СММ фаъолияташонро мутаваққиф карда буданд. СММ мегӯяд, акнун ба ҷои гурӯҳи нозирон як дафтари машваратӣ таҳти раҳбарии Лахзар Иброҳимӣ кӯшишҳои дарёфти роҳи ҳалли сиёсии низоъро идома медиҳад. Дар сӯҳбат бо телевизиони Фаронса Иброҳим гуфт:
Ҷанги шаҳрвандӣ доимо бераҳмтарин навъи низоъ будааст,зеро дар он ҳамсоя ҳамсояро мекушаду баъзан ҳатто бародар бародарро”.
Ба қавли Иброҳимӣ дар Сурия аллакай ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дораду ҳоло зарур аст, ки онро мутаваққиф кунанд.
XS
SM
MD
LG