Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон иди фитр бидуни телефонҳои мобил буд


Малик Раҳмон-вазири умури дохилии Покистон
Малик Раҳмон-вазири умури дохилии Покистон
Мақомоти Покистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористии Толибон дар ҷараёни таҷлили иди фитр мухобироти бесимро дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар муваққатан қатъ карданд. Ҳамин тариқ рӯзи якшанбе телефонҳои мобили миллионҳо сокини Покистон аз кор монда буданд ва мардум натавонистанд, ки якдигарро бо ид табрик кунанд. Телевизиони давлатӣ аз номи вазири умури дохилии Покистон Малик Раҳмон овардааст, ки таваққуфи кори телефонҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии даҳшатафканон ҷорӣ шуда буд. Мақомот нигарон будаанд, ки террористон тавассути телефонҳои мобил ҷиҳози таркандаро фаъол хоҳанд кард. Нисфирӯзии душанбе телефонҳои бесим дар шаҳрҳои Карочӣ, Лоҳур ва Кувайта аз нав фаъол шуда буданд.
XS
SM
MD
LG