Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pussy Riot аз Путин афв дархост намекунад


Раҳпаймоии тарафдорони Pussy Riot дар назди сафорати Русия дар Вашингтон
Раҳпаймоии тарафдорони Pussy Riot дар назди сафорати Русия дар Вашингтон
Вакилони мудофиаи се узви гурӯҳи ҳунарии Pussy Riot мегӯянд, ин хонумҳои маҳкумшуда тасмим надоранд, аз президент Владимир Путин афв дархост намоянд. Рӯзи ҷумъа додгоҳи Маскав ҳар яке аз се узви гурӯҳи Pussy Riot-ро бо ҷурми авбошӣ ба ду соли ҳабс маҳкум кард. Гурӯҳ дар моҳи феврал дар калисои Исои Наҷотбахши Маскав бар зидди ҳукми Владимир Путин перформанс ё худ ҳунарнамоӣ доир намуд.
Вакили мудофиа Николай Полозов ба хабарнигорон гуфтааст, ки гурӯҳ тасмим дорад, бознигарии ҳукми рӯзи ҷумъаро дар Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи Конститутсионӣ ва Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо талаб кунад.
XS
SM
MD
LG