Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мянмар сензураи матбуотро хотима мебахшад


 Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифини ҳукумати Мянмар
Аунг Сан Су Чӣ-раҳбари мухолифини ҳукумати Мянмар
Мақомоти Мянмар эълон кардаанд, ки дар ин кишвари Осиёи ҷанубу шарқӣ сензураи расонаҳои хабарӣ расман хотима меёбад. Рӯзи душанбе раиси идораи таҳқиқи матбуот ва сабти номи расонаҳо Тинт Све гуфт, ки аз ин ба баъд рӯзноманигорон зарурат надоранд, ки мақолаҳояшонро қабл аз нашр ба идораи сензура тақдим намоянд. Дар Мянмар сензура дар соли 1964 ҷорӣ шуда буд. Хабаргузории Франс пресс аз нақли як сардабири нашрияи мянмарӣ, ки нахост номаш ошкор шавад, овардааст, ки аз байн бурдани сензура рӯзи бузург барои тамоми рӯзноманигорони ин кишвар аст, ки солҳои зиёд дар зери фишору маҳдудиятҳои зиёд кор кардаанд. Соли гузашта раҳбарони низомии Мянмар ҳабси хонагии раҳбарии мухолифин Аунг Сан Су Чиро хотима бахшиданд. Ҳоло ӯ соҳиби курсии парламенти ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG