Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Мартин Демпсей вориди Афғонистон шуд


Генерал Мартин Демпсей
Генерал Мартин Демпсей
Генерал Мартин Демпсей-раиси ситоди муштараки Амрико вориди Афғонистон шуд, то бо афсарони Амрико ва Афғонистон гуфтугӯ кунад. Ин боздид дар ҳоле анҷом мегирад, ки дар ду ҳафтаи ахир аз дасти низомиёни афғон 10 нафар аз нируҳои байналмиллалӣ кушта шудаанд.

Яке аз намунаҳои ахири он рӯзи якшанбе дар вилояти Қандаҳор рух дод. Як мард дар либоси пулис як низомии нируҳои байналмиллалиро ҳадафи тир қарор дод.

Қабл аз фуруд дар фурудгоҳи Багром генерал Демпсей гуфт, ки ин масъала дар сархати мавзӯъҳои мулоқот қарор дорад
XS
SM
MD
LG