Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Лубнон ҷонибдорони Қаззофӣ боздошт шуданд.


Мақомоти Лубнон хабар додаанд, ки ба гумони ширкат дар ҳамлаҳои террористии рӯзи якшанбе дар Троблус-пойтахти ин кишвар 32 нафар боздошт шудаанд. Дар инфиҷори ду мошини бамгузоришуда 2 нафар кушта шудаанд. 4 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Инфиҷори аввал дар наздикии бинои фарҳангистони низомӣ рух додааст, инфиҷори дуввум дар назди бинои вазорати корҳои хориҷии Лубнон.

Раиси кумиссиюни амнияти Лубнон гуфт, ки ҳамаи боздоштшудагон ҷонибдори Муаммар Қаззофӣ-раҳбари пешини Лубнон будаанд.
XS
SM
MD
LG