Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман 7 нафар ҳадафи тир қарор гирифт


Бино ба гузоришҳои расида аз Яман, як марди мусаллаҳ ба сӯи намозгузорон оташ кушодааст ва дар рӯзи Иди Рамазон 7 нафарро ба қатл расондааст.

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки дастикам 10 нафари дигар дар ҳамин тирандозӣ дар Дҳала дар 190 километрии шаҳри Санъо-пойтахти Яман захмӣ шудаанд.

Марди мусаллаҳ, ки дар маҳали ҳодиса боздошт шудааст, ба тундравҳои исломӣ иртибот доштааст. Ин тундравҳо дар моҳҳои гузашта даст ба чунин ҳамлаҳо зада будаанд.
XS
SM
MD
LG