Пайвандҳои дастрасӣ

Духтари масеҳиро дар Исломобод боздошт карданд


Пулис мегӯяд, як духтари масеҳӣ, ки бемории камақлӣ доштааст, барои тавҳин ба Қуръон дар Покистон боздошт шудааст. Афсарони пулис мегӯянд, ин духтар, ки дар ҳоли наврасист, рӯзи панҷшанбе дар маҳаллаи зисти масеҳиён дар Исломобод-пойтахти Покистон варақҳои Қуръонро оташ задааст. Ба гуфтаи пулис, сокинони маҳаллӣ ин духтарро, ки Римша ном дорад, ба дафтари пулис бурдаанд.

Барои тавҳин ба худову Қуръон дар Покистон ҳукми қатл пешбинӣ шудааст.
Мақолмот мегӯянд, садҳо нафар сокинони масеҳӣ аз хонаҳои худ фирор кардаанд, зеро аз аксуламал ба рафторашон аз сокинони мусулмон ҳарос доранд.
XS
SM
MD
LG