Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз додгоҳи Маскав шикояти Pussy Riot-ро баррасӣ мекунад


Имрӯз яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав шикояти гурӯҳи Pussy Riot-ро баррасӣ мекунад. Ин гурӯҳ аз ҳукми додгоҳ дар бораи дар боздошт нигоҳ доштани се нафар аз аъзои гурӯҳ то миёнаи моҳи январи соли 2013 шикоят бурдаанд.

Дар мурофиаи муқаддамотӣ бино ба пешниҳоди додситонӣ додгоҳ барои Надежда Толоконникова, Мария Алёхина ва Екатерина Самуцевичро то 12 январи соли 2013 ҳукм содир кард. Вакилони мудофеи онҳо бар зидди ин ҳукми додгоҳ шикоят бурданд.
XS
SM
MD
LG