Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулияти нозирони СММ дар Сурия ба поён расид


19 август ахирин рӯзи фаъолияти нозирони СММ дар Сурия буд. Гурӯҳи нозирон тақрибан аз 300 нафар иборат буд ва фаъолияти худро 21 апрел оғоз карда буд. Онҳо бар ҷараёни иҷрои нақшаҳои сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи вижаи СММ ва Ҷомеаи Араб назорат мекарданд.

Ин нақшаҳо аз риояти оташбас, хуруҷи нируҳо аз шаҳрҳову шаҳракҳо ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба аҳолии манотиқе иборат буд, ки аз даргириҳо осеб дидаанд.

Ҳеҷ як аз моддаҳои ин нақша иҷро нашуд. Кофӣ Аннон худаш ҳам гуфта буд, ки идомаи хушунатҳо дар Сурия имкони иҷрои ин нақшаҳоро ба нозирони байналмиллалӣ надодааст.

Акнун дар Димишқ Дафтари ҳамоҳангсози СММ фаъолият хоҳад кард ва он аз 20 то 30 нафар мушовирони низомӣ иборат хоҳад буд. Онҳо дар бораи вазъ дар Сурия ба СММ гузориш медиҳанд ва дар ҳали масоили башарӣ кӯмак мекунанд.
XS
SM
MD
LG