Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ассанж аз Амрико хост, Викиликсро озор надиҳад


Ҷулиан Ассанж, муассиси торнамои ифшогари Викиликс, аз балкони сафоратхонаи Эквадор дар Бритониё суханронӣ кард ва аз Амрико хост, ба таъқиби Викиликс хотима диҳад: "Ман аз раиси ҷумҳур Барак Обама мехоҳам, кори дурусте кунад. Амрико бояд ба таъқибу озори Викиликс хотима диҳад. Бюрои федеролии таҳқиқоти Амрико бояд тафтиш дар ин заминро бас кунад. Амрико бояд қавл диҳад, ки тарафдорону ҳамкорони моро таъқиб нахоҳад кард." Ҷулиан Ассанж ду моҳ пеш дар сафоратхонаи Эквадор паноҳ бурд ва ин кишвар ба ӯ чанде пеш паноҳгоҳи сиёсӣ дод. Бритониё мехоҳад, Ҷулиан Ассанжро ба Шветсия истирдод кунад, ки ӯро дар он кишвар ба азияту озори ҷинсии ду зан муттаҳам мекунанд. Ҷулиан Ассанж мегӯяд, дар сурати истирдод, Шветсия ӯро ба Амрико хоҳад дод. Торнамои Викиликс даҳҳо ҳазор мукотиботи маҳрамонаи сафирони Амрикоро нашр кардааст. Бритониё мегӯяд, иҷоза намедиҳад, Ҷулиан Ассанж ба Эквадор биравад.
XS
SM
MD
LG