Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла ба афсарони пулиси ингуш


Як бомбгузори маргталаб дар рӯзи Иди Рамазон дасти кам 7 маъмури пулисро дар Ҷумҳурии Ингушистони Русия кушт, ки дар маросими дафни як ҳамкорашон ҳузур доштанд. Кумитаи таҳфтишотии Ингушистон гуфт, ин афсарони пулис ба маросими дафни Илезир Коригов омада буданд, ки ӯ рӯз пеш дар як тирандозӣ кушта шуд. Бомбгузори маргталаб зимни ибрози тасаллияти афсарон ба хонаводаи ҳамкори қурбоншудаашон ба онҳо ҳамла кардааст. Ба гуфтаи Юнусбек Юнусбеков, раҳбари Ингушистон, тундравон зоҳиран ба хотири ташкили ҳамин ҳамлаи маргталабона Илезир Кориговро куштаанд. Дар ин ҳамлаи субҳи якшанбе ҳамчунин 12 маъмури дигари пулис захмӣ шуданд. Рӯзи шанбе дар Ҷумҳурии Доғистон афроди мусаллаҳ ба як масҷиди шиъаён ворид шуда ва бо тирандозӣ ҳашт намозгузорро маҷрӯҳ карданд.
XS
SM
MD
LG