Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи Толибонро дар Афғонистон куштанд


Мақомоти НАТО дар Афғонистон мегӯянд, рӯзи якшанбе таъйид карданд, ки Мавлавӣ Нурмуҳаммад, як раҳбари Толибон ва муовини ӯ дар ҳамлае дар вилояти Кунар кушта шудаанд. Дар ин ҳамлаи ҳавоии рӯзи шанбе даҳҳо ҷангҷӯи дигари Толиб низ маҳв шудаанд. Паймои НАТО гуфт, Мавлавӣ Нурмуҳаммад, ки бо номи “Туробӣ” низ шинохта шудааст, фармондеҳи Толибон дар ноҳияи Чапоҳ Дара буда ва “тамоми фаъолияти Толибонро” ҳидоят мекард. Муовини ӯ Атиқулло будааст, ки бо номи Холид мешинохтандаш. Айни замон паймони НАТО гуфт, ки дар як бомбгузорӣ дар шарқи Афғонистон се сарбози хориҷӣ кушта шудаанд, вале ҳуввияти ин сарбозонро ошкор накард. Аксарияти сарбозон дар шарқи Афғонистон сарбозони амрикоӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG