Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“The New York Times” навишт, ки Ироқ бо истифода аз муассисаҳои молиаш Эронро бо арзи хориҷӣ таъмин мекунад.

Рӯзномаи амрикоӣ рӯзи шанбе аз қавли мақомоти пешин ва ҳозираи Амрикову Ироқ ва коршиносони нафтиву бонкӣ навиштааст, “мақомоти ироқӣ интиқоли пули зиёд, қочоқ ва дигар муомилоти ғайриқонунӣ бо Эронро нодида мегиранд." Дар баъзе мавридҳо ба гуфтаи “Ню-Йорк Таймс” мақомҳои ироқӣ, аз ҷумла баъзе аз афроди наздик ба Нурӣ Ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз ин муомилоти ғайриқонунӣ фоида ба даст меоранд. Амрико моҳи гузашта бо эътирофи ин мушкил, Бонки Илофи Исломии Ироқро аз ҳар гуна муомила бо системаи бонкии Амрико маҳрум кард.

Дар он вақт, Барак Обама, раисиҷумури Амрико гуфт, ин “бонк аз тарафи бонкҳои эронӣ, ки бинобар иртиботашон ба фаъолиятҳои ҳастаии Эрон таҳрим шудаанд, муомилот бо арзиши миллионҳо доллар анҷом додааст.” Аммо бо вуҷуди ин, “Ню-Йорк Таймс” аз қавли як коршиноси бонкии Ироқ навиштааст, бонки Илофи Исломии Ироқ ҳафтаи гузашта ҳақ дошт, дар музоядаи Бонки Марказии Ироқ ширкат кунад, ки дар он динори ироқӣ фурӯхта ва доллар мехаранд. Аз тариқи ин гуна муомилот, Эрон метавонистааст, захираҳои арзии худро афзуда, табодули арзро дар кишвар мӯътадил нигаҳ дорад ва барои воридоти мол аз хориҷ доллар бипардозад.

Рӯзнома афзудааст, муассисаҳои Эронӣ ба камияш лаҷоми чаҳор бонки тиҷоратии Ироқро ба даст гирифта, аз тариқи онҳо ба системаи байналмилалии бонкӣ роҳ ёфтаанд, ки бинобар таҳримҳои иқтисодӣ Эронро аз дастрасӣ ба ин система маҳрум кардаанд.

Дар идомаи мақола, "Ню-Йорк Таймс" мегӯяд, қочоқи миқдори бузурги нафту маҳсулоти нафтӣ аз Ироқ ба Эрон меафзояд ва мақомоти Ироқ барои хотима додан ба ин “амалиёти созмонёфта” кори андаке ҳам намекунанд. Бар асоси ин гузориш, маводи сӯхте, ки бо имтиёзҳои ҳукумат бисёр арзон фурӯхта мешавад, аз Курдистон ба Эрон қочоқ мекунанд. Баъзе аз ин маводи қочоқиро ба Афғонистон бурда мефӯрушанд ва суди зиёде мегиранд.

“Ню-Йорк Таймс” менависад, ба эътиқоди баъзе аз коршиносони нафтии Амрикову Ироқ, миқдоре аз нафти Эронро барои фурӯш ба бандарҳои ироқӣ мебаранд. Алӣ Ад-Даббоғ, сухангӯи ҳукумати Ироқ дар вокуниш ба ин гузориш гуфтааст, кишвараш ҳеҷ гуна муқарраротро поймол накардааст ва “бо Эрон муносиботи хуб дорад, ки намехоҳад, онро вайрон кунад.” Бино ба гузориш, баъд аз ҳамлаи ба раҳбарии Амрико ба Ироқ дар соли 2003-юм, тиҷорат миёни Ироқу Эрон афзуда ва ҳоло ба 11 миллиард доллар дар сол баробар аст.
XS
SM
MD
LG