Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибрози нигаронии Карзай ва Паннета аз ...


Леон Паннета, вазири дифоъи Амрико ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ҳамлаҳои рӯзафзуни сарбозони афғон ба нерӯҳои хориҷиро баррасӣ кардаанд. Ҷорҷ Литтл, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико, гуфт, ҳам Паннета ва ҳам Карзай дар сӯҳбати телефонӣ дар рӯзи шанбе аз вуқӯъи ин ҳамлаҳо изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, мақомоти ду тараф бояд ба хотири ҳарчӣ камтар кардани ин ҳамлаҳо ҳамкории наздик дошта бошанд. Леон Паннета гуфтааст, аз ҳамлаҳои нерӯҳои афғон ба сарбозони хориҷӣ ва таъсири он ба ҳамкориҳои ду тараф бисёр нигарон аст. Бино ба омори НАТО дар чунин ҳамлаҳо то кунун 39 сарбози хориҷӣ ва 29 нафари онҳо дар ҳамин сол кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG