Пайвандҳои дастрасӣ

Дар суқути ҳавопаймои Судон 31 тан кушта шуданд


Мақомоти Судон мегӯянд, як ҳавопаймои ҳомили як ҳайъати расмӣ зимни парвоз ба аёлати ҷангзадаи Кордофани Ҷанубӣ суқут кардааст, ки дар натиҷа 31 нафар кушта шудаанд. Абдулҳафиз Абдулраҳим, сухангӯи раёсати нақлиёти ҳавоии Судон, гуфт, ин ҳайъат барои ширкат дар расми таҷлили Иди Рамазон ба он аёлат мерафтаанд. Телевизиони Ал-Арабия гуфт, ки Халил Абдулло, вазири иршоди исломӣ ва хайроти Судон дар миёни қурбониёни фалокат будаанд.
XS
SM
MD
LG