Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ маъмури пулиси Ингушистон кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, панҷ корманди пулиси Ҷумҳурии Ингушистони Русия дар як таркише дар рӯзи якшанбе кушта шуданд. Раёсати кумитаи тафтишотии Русия дар Ингушистон гуфт, таркиш зимни маросими мотами маъмури пулиси дигар Илезир Коригов ба вуқӯъ пайвастааст, ки ӯ дар як даргирӣ дар рӯзи шанбе кушта шуд. Ҳамкоронаш барои таъзия ба хонаи ин нафар дар шаҳри Малгобек ҷамъ омада будаанд. Дар натиҷаи таркиш ҳамчунин чанд тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG