Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт ҷангҷӯи Толибро дар Покистон куштанд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, субҳи якшанбе дар ҳамлаҳои мушакии ҳавопаймои бесарнишини ҷосусии Амрико дар вилояти Вазиристони Шимолӣ дасти кам 7 ҷангҷӯи Толиб кушта шудааст. Ба гуфтаи мақомот, ҳавопаймоҳо ду мошини ҷангҷӯенро дар ноҳияи Манои ҳамин вилоят ҳадаф гирифтаанд, ки дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ аст ва дар онҷо фармондеҳи Толибони Покистон Ҳофиз Гул Баҳодур нуфуз дорад. Рӯзи шанбе дар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар ҳамин минтақа 5 ҷангҷӯи тобеъи Гул Баҳодур кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG