Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари чинӣ тоҷи "маликаи ҳусн"-ро бар сар гузошт


Вен Си Юй, духтари 23-солаи чинӣ, мақоми маликаи ҳусн дар ҷаҳонро соҳиб шуд ва тоҷи рамзии ин унвонро бар сар гузошт.

Дар даври ниҳоии озмуни маликаи зебоии ҷаҳон дар соли 2012-ум, ки шоми шанбе, 18-уми август, дар Чин баргузор шуд, Венсиаи 23-сола аз ин кишвар “маликаи зебоии ҷаҳон” интихоб гардид ва тоҷи рамзии маликаи ҳуснро бар сар гузошт.

Ӯ дувумин духтари чинист, ки ба ин мақом баргузида ё интихоб мешавад. Қабл аз ӯ, соли 2007-ум, Зан Зилан ин унвонро дарёфт карда буд.
Мақомҳои баъдиро дар ин озмун Софи Моулдси 19-сола аз Велс ва Ҷесика Кахавоти аз Австралия соҳиб шудаанд.

Имсол дар ин озмун 116 духтар аз кишварҳои мухталифи дунё иштирок доштанд. Қарор аст, ин маросим соли оянда дар Индонезия баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG