Пайвандҳои дастрасӣ

Дар куллия масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон бо ширкати ҳазорон тан аз сокинони ин кишвар намози Иди Фитр баргузор гардид.

Рӯзи Иди Рамазон барои сокинони Душанбе ин бор низ бо садои шодиомезу беғаши кӯдаконе оғоз шуд, ки дари манзилҳоро кӯфта, дар ивази муборакбодӣ аз ҳар хонадон идона дарёфт мекарданд.

Субҳи имрӯз, 19-уми август, дар куллия масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон бо ширкати ҳазорон тан аз сокинони ин кишвар, ки як моҳи тамом рӯза дошта, ба тоату ибодат машғул буданд, намози Иди Рамазон ё Фитр баргузор гардид. Дар масҷиди марказии Душанбе намози идона бо ширкати намояндагони давлати Тоҷикистон ва тибқи маъмул бо суханронии Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдор ва раиси Маҷлиси миллии кишвар, барпо шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Маҳмадсаид Убайдуллоев

Нуктаи муҳими суханронии ҷаноби Убайдуллоев даъвати волидон барои тарбияти беҳтар ва зери назорат қарор додани фарзандони мактабхон буд. Шаҳрдори Душанбе дар ин сӯҳбати худ аз ҷанги хонандагони мактабҳо дар пойтахт изҳори ташвиш карда, онро пайомади бемасъулиятии бархе аз волидон дар роҳи тарбияти насли наврас унвон кард. Ӯ дар ин замина аз куштори як наврас аз дасти ҳамсолонаш дар Боғи пойтахт ёдоварӣ намуд, ки чанде пештар сурат гирифтааст.

Дар ин авохир ҷанги мактабиён ва ё кашмакаши наврасон, ки гоҳо бо ҷароҳат бардоштан ва гоҳе бо марги онҳо поён меёбад, аз мавзӯи баҳси сокинону мақомот аст. Бо ишора ба ин, шаҳрдори Душанбе тасвиби қонуни масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандонро муҳим донист ва иҷрои онро тақозо кард.

Бо ин ҳама, таҷлил аз Иди моҳи Рамазон, ки тайи сӣ рӯзи он мусалмонон аз нӯшидану хӯрдан ва қаробати ҷинсии рӯзона худдорӣ меварзанд, тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон ҳарчи бештар хислати мардумӣ касб мекунад. Зеро баъд аз хатми намози ид мардум ба аёдати беморону калонсолон ва низ зиёрати қабри гузаштагони худ мераванд. Дар рӯҳияи онҳо таъсири ид ва шодиҳои он эҳсос мешавад.

Як нафар аз сокинони пойтахт мегӯяд, ҳар ид ҳатман ба манзили охирати наздиконаш меравад, то ба арвоҳи онҳо фотиҳа бихонад. Зимнан, барои таҷлили беҳтар аз иди Рамазон расм шудааст, ки дар хонаводаҳо бонувон дастархонаи идона ороста рӯи хонро бо анвои ғизо пур мекунанд.

Баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991-ум, давлат рӯзҳои баргузории идҳои мазҳабӣ, бахусус иди Фитр ва иди Қурбонро таътил эълом карда ва аз он замон ба ин сӯ ин идҳо бошукӯҳ ва бо ширкати иддае аз мақомҳои давлатӣ баргузор мешаванд. Аммо аз он ки рӯзи Иди Рамазони имсола ба рӯзи якшанбе рост омад, бо қарори ҳукумат рӯзи душанбеи 20-уми август дар саросари кишвар таътил эълон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG