Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни Ал-Қоида 14 сарбози яманиро куштанд


Мақомоти Яман мегӯянд, дар ҳамлаи ҷангҷӯёни Ал-Қоида ба ду идораи давлатӣ дар шаҳри Аден дасти кам 14 сарбоз кушта шуданд. Вазорати дифоъи Яман дар баёнияе гуфт, ҷангӯён аввал ба қароргоҳи телевизиони давлатӣ дар ин шаҳр ҳамла карда, 11 сарбозро куштанд ва чанд дақиқа баъд мошини бомбгузоришудае дар назди дафтари хадамоти амнияти Яман таркида ва се сарбози дигарро ҳалок кардааст. Дар ин ҳамлаҳо ҳамчунин чаҳор сарбоз ва се корманди телевизион бо шумули ду зан ҷароҳат бардоштаанд. Ҳукумати Яман бо пуштибонии Амрико аз моҳи апрел то кунун амалиёти васеъмиқёсеро алайҳи тундравони шарики Ал-Қоида дар он кишвар амалӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG