Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бомбгузориҳо дар Афғонистон 9 тан кушта шуд


Мақомоти пулиси Афғонистон мегӯянд, бар асари таркиши як бомб дар як бозори серодами вилояти Ҳирот чаҳор тан кушта ва 12 тани дигар захмӣ шудаанд. Абдулрауф Аҳмадӣ, сухангӯи пулиси вилоят гуфт, “бомбгузорӣ амали дасти душманони мардум” аст ва дар бозори ноҳияи Шиндонд ба вуқӯъ пайваст, ки мардуми зиёде барои хариди барои ид ба онҷо омада буданд. Се нафар аз захмиён, маъмурони пулис будаанд. Дар вилояти Форёб низ як маргталаб чаҳор нафар аз ҷумла се ғайринизомӣ ва як маъмури пулисро куштааст.
XS
SM
MD
LG