Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Чину Русия аз таъйини фиристодаи нави СММ


Чину Русия гуфтанд, омодаи ҳамкорӣ бо Ахзар Иброҳимӣ ҳастанд, ки ӯро фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Сурия таъйин карданд. Вазорати умури хориҷии Чин дар як баёнияи расмӣ гуфт, ин кишвар омода аст, барои ҳаллли муноқишаи хунини 17 моҳа миёни ҳукумати Башшор Асад ва мухолифони ӯ, аз роҳи “миёнҷигарии сиёсӣ” бо Ахзар Иброҳимӣ “ҳамкории мусбат” кунад. Вазорати умури хориҷии Русия низ дар шаҳри Маскав гуфт, ин кишвар омодаи мубодилаи назар бо Ахзар Иброҳимист ва аз ӯ хост, бар асоси барномаи сулҳи Кофӣ Анон барои Сурия кор кунад. Ин дипломати собиқадори алҷазоирӣ баъди ду ҳафтаи истеъфои Кофӣ Анон ба мақоми фиристодаи Созмони Милал барои Сурия таъйин шуд. Кофӣ Анон бинобар бесамар будани созиши оташбаси чаҳормоҳа миёни тарафҳои муноқиша дар Сурия истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG