Пайвандҳои дастрасӣ

"Духовка" ба ҷои маош. Норозигӣ аз тасмими Барқи тоҷик


Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Бинои ширкати "Барқи тоҷик"

Чанде аз кормандони ширкати «Барқи тоҷик» дар ноҳияи А. Ҷомӣ бар рағми интизории беш аз 3 моҳа, бар ивази маоши моҳона «духовка» ё тафдони барқӣ дарёфт кардаанд.

Ин кормандон, ки умед доштанд бо ин маошҳо ба муносибати иди Фитр дастурхони идона меороянд, ҳамакнун дар баробари хонавода ва фарзандон лолу музтар мондаанд.

Як масъули шӯъбаи «Барқи тоҷик» дар ин ноҳия таъйид кард, ки дар воқеъ ба бархе аз коргарон бар ивази маош тафдон додаанд, вале мегӯяд, ӯ чунин тарзи пардохт бо хоҳиши худи коргарҳо сурат гирифтааст. Аммо ин кормандон, ки ба дафтари «Озодӣ» дар Душанбе занг задаанд, баръакси ин ҳарфҳоро гуфтаанд.

Ин кормандон, ки бар ивази маош «духовка» гирифтаанд, дар тааҷҷубанд, ки касе аз масъулин онҳоро барои чунин тарзи пардохт аз қабл огоҳ накарда буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар пеш иди Рамазон аст ва онҳо мунтазири маошҳои худ буданд, ки дар чаҳор моҳи ахир дарёфт накардаанд.

Яке аз ин кормандон, ки ба ҳайси устои барқ кор мекардааст, гуфт бар ивази маош барояш як «духовка»-и маъмулиро бо нархи 309 сомонӣ додаанд, ки дар бозор баҳои чунин тафдон 180 сомонӣ аст: «Мо се моҳи дароз кор кардем, тақрибан инак моҳи август шуд, ба умедем, ки барои мо маблағ медиҳанд, барои он ки ба ид бояд ягон чиз бихарем. Лекин «духовка» додаанд, ки он ҳам аз рӯи инсоф нест. Ба 309 сомонӣ ба мо «духовка»-ро додаанд, ки бозор омадему онро ба фурӯш доданӣ шудем, мегӯяд, ки 180 сомонӣ. Ин аз рӯи инсоф нест-ку?

Корманди дигаре аз ин шӯъба гуфт, ки онҳо дар асноди пешниҳодкардаи масъулин имзо гузоштаанд, ки маоши худро дарёфт карданд, аммо «духовка»-ҳои гирифтаашонро, ки бозор баровардаанд, касе нахаридааст: «Гардонданд маошамро ва «духовка»-ро доданд, имзо кунед гуфтанд. «Духовка»-ро дар бозор 200 сомонӣ намегирад, 309 сомонӣ гуфтанд».

Ин кормандони шӯъбаи ширкати «Барқи тоҷик» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯянд ба эътирози онҳо масъулин эътибор надода, баракс гуфтаанд, ки ҳоло шукр кунед, ки дасти холӣ намондаед.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин қазия бо масъулини ширкати «Барқи тоҷик» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамос шудем. Дар тамоси телефонӣ Назаралӣ Назаров, муовини сардори шӯъбаи «Барқи Тоҷик» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйид кард, ки дар воқеъ ба бархе аз коргарон бар ивази маош тафдон додаанд, вале мегӯяд ӯ чунин тарзи пардохт бо хоҳиши худи коргарон сурат гирифтааст.

Ҷаноби Назаров афзуд, ки агар ин коргарҳо норозианд, метавонанд тафдонҳоро баргардонанд ва маоши худро бо пул бигиранд: «Он мардуме, ки занг задаанд биёянд, «духовка»-ҳоро монда моҳонаашонро гирифта раванд. Аз ҳисоби моҳона орд медоданд, аз ҳисоби моҳона пиёз медоданд, картошка медоданд. Дар тамоми корхонаҳои Тоҷикистон ҳамин кор нест? Аз ҳисоби моҳона моҳӣ, карам ва каду ҳам медиҳанд».

Бо ин ҳол ҷаноби Назаров посух надод, ки чаро маоши кормандони худро маҳз бо тафдон пардохт кардааст ва ҳамчунин ҳозир нашуд бигӯяд, ки ин тафдонҳо дар ихтиёри онҳо ройгон афтодааст ва бар ивази хидмат ва ё пули нақд?

Бо ин ҳама, қазияи мазкур маълум нест, ки бо чи тарз ҳаллу фасл мешавад. Зеро ин коргарҳо ба хотири аз даст надодани ҷойи кор, намехоҳанд мушкилиро бо мақомоти дигар дар миён бигзоранд. Аз ин ҷост, ки бархе аз коршинсон дар вуқӯи чунин ҳолатҳо бештар худи коргаронро муқассир меҳисобанд.

Коршиносон мегӯянд, бештари коргарон аз одитарин ҳуқуқҳои худ дар баробари масъулини корхона ва муассиса дифоъ карда наметавонанд. Дар ҳоле, ки мегӯянд ин коршиносон, қонунгузории Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бастани қарордод бо риояти ӯҳдадориҳои дуҷониба миёни кордеҳ ва коргарро фароҳам кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG