Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳимов: "Дар Бадахшон аслиҳа ҳанӯз зиёд аст"


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, дар дасти ҷавонон дар Бадахшон ҳанӯз силоҳи зиёде боқӣ мондааст, агарчӣ дар муддати як ҳафта дар вилоят 600 адад силоҳу муҳимоти ҷангӣ гирифтанд. Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар ин бора Рамазон Раҳимов, зимни мулоқоте дар раёсати умури дохилии вилоят сухан гуфтааст. Ӯ аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ ва афроди мӯътабар дар вилоят хостааст, ҷавононро ташвиқ кунанд, ки ҳарчӣ зудтар довталабона силоҳҳои худро ба мақомоти интизомӣ бисупоранд. Баъди қатли генерал Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Бадахшон дар моҳи июл, дар инҷо амалиёте барои маҳви гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ шуд, ки ба гуфтаи мақомот ба тарафдоронашон аслиҳаи зиёде тақсим кардаанд.
XS
SM
MD
LG