Пайвандҳои дастрасӣ

Дар нооромиҳои Баҳрайн як наврас кушта шуд


Бар асари бархӯрд бо пулиси зиддишӯриш дар Баҳрайн як навраси 16-сола кушта шудааст. Юсуф ал-Муҳофиза, намояндаи Маркази ҳуқуқи инсон дар Баҳрайн гуфт, ин бар асари латукӯби маъмурони амниятӣ дар шоми ҷумъа ҷон додааст. Вазорати умури дохилии Баҳрайн марги ин ҷавонро таъйид кард, вале гуфт, ки ӯ ба сӯи маъмурони пулис зарфи оташгирандаи бензинро партоб кардааст. Баъди оғози тазоҳуротҳо дар Баҳрайн аз моҳи феврали соли 2011 то кунун, 50 нафар кушта шудаанд. Дар ин кишвари арабии кӯчак дар Халиҷи Форс, ки як пойгоҳи низомии Амрикоро мизбонӣ мекунад, аксарияти шиъамазҳаб барои дарёфти ҳуқуқи бештари сиёсӣ аз ҳокимони суннимазҳаб мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG