Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калисои Русия хостори тараҳҳум ба се духтар шуд


Калисои ортодокси Русия хостори авфи се духтари гурӯҳи Пусси Райот шуд, ки онҳоро барои як таронаи интиқодӣ дар васфи Владимир Путин ба ду соли зиндон маҳкум карданд. Ҳар се духтарро баъди он ба додгоҳ кашиданд, ки онҳо таронаро дар як калисое дар шаҳри Маскав иҷро карданд. Ҳукми додгоҳ, ки рӯзи ҷумъа содир шуд, тазоҳуротҳои хурдеро аз Маскав то ба Ню Йорк барангехт. Амрикову Иттиҳодияи Аврупо ҳукмро интиқод карданд. Созмони Авфи Байналмилал, гуфт, ҳукми аъзои гурӯҳи Пуссӣ Райот ангезаҳои сиёсӣ дорад ва онро як зарбаи сахте ба озодии баён дар Русия хонд. Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, раиси ҷумҳур Владимир Путин ҳаққи дахолат ба ҷараёни муҳокимаро надорад ва аз шарҳи ҳукми гурӯҳи Пусси Райот худдорӣ кард.
XS
SM
MD
LG