Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия шабакаи телевизиони исломӣ боз мешавад


Дар рӯзи Иди Фитр дар Русия барномаҳои канали телевизиони исломӣ бо номи Ал-РТВ ба пахши барномаҳояш шурӯъ мекунад.

Муаллифони ин шабака бовар доранд, ки ахбору таҳлил ва сӯҳбату гуфторҳои тафреҳии онҳо дар саросари Русия бинандаву ҳаводорони зиёд пайдо хоҳанд кард.

Рустам Орифҷонов, сармуҳаррири ин телевизион мегӯяд, барномаҳои ин шабака 24 соат дар як шабонарӯз намоиш дода мешаванд ва тибқи нақша, бинандаи асосии онҳо ҷавонони мусулмон хоҳанд буд.

Орифҷонов мегӯяд: “Русия ягон канали федералии махсус барои мусулмонон надорад. Феълан фақат шабакаҳои маҳаллии телевизионӣ дар Тотористону Чеченистон фаъол мебошанд. Ҳамин тариқ дар байни шаҳрвандони мусулмон талабот ба матолиби исломӣ эҳсос мешавад. Вале бинандагони мо фақат мусулмонон нахоҳанд буд. Ҷавонони зиёде мехоҳанд дар бораи шарқ, олами араб, Индонезия, Туркия ва анъанаҳои ин миллатҳо маълумоти бештар дарёфт намоянд.”

Танзимгари барномаҳои Ал-РТВ Темур Булгаков умедвор аст, ки барномаҳои сермуҳтавои ин шабака мавриди таваҷҷӯҳи бисёриҳо қарор мегиранд. Ба гуфтаи Булгаков, хабарнигорони Ал-РТВ аз Бошқирдистон, Доғистон, Чеченистон, Нижний Новгоров ва Поволжие, ки манотиқи мусулмоннишин ба шумор мераванд, гузориш хоҳанд дод.

Моҳи июл Дамир Муҳиддинов, муовини раиси идораи умури мусулмонони манотиқи аврупоии Русия гуфт, ки чунин як шабакаи телевизионӣ таъсис меёбад. Ӯ ҳамчунон таъкид кард, ки чеҳраҳои шинохтаи исломии рӯ ба Кремл ба Шӯрои нозири ин шабака шомил шудаанд: ”Аъзои Шӯрои мардумӣ ва чеҳраҳои динии шинохта ба мисли муфтии Маскав ва манотиқи марказии Русия Элбир Курғонов, раиси маъмурияти исломии Мордовия Фаҳим Шафиев ва намояндаи мусулмонони Қафқози Шимолӣ дар Маскав Шафиқ Пшихашов дар байни онҳо мебошанд”.

Соли 2009-ум раиси муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин аз ҳукумати ин кишвар дархост намуда буд, ки чунин як шабакаи телевизионӣ ташкил кунад. Муҳиддинов мегӯяд, телевизион ғайридавлатӣ аст, вале агар давлат ҳам ба он грант диҳад, онҳо ин кӯмакро рад нахоҳанд кард.

Барномаҳои ал-РТВ тавассути ширкати танзимгари пахши барномаҳои шабакаҳои моҳвораӣ бо номи ТРИКОЛОР пахш хоҳанд шуд, ки муштариёни тамоми гӯшаҳои Русия ба он дастрасӣ доранд.
XS
SM
MD
LG