Пайвандҳои дастрасӣ

"Арт Граунд" - майдони озод барои намояндагони ҳунар


Маркази фарҳангии «Душанбе Арт Граунд» қасд дорад, барои алоқамандону дӯстдорони фарҳанги муосир як минбари озоду муассирро фароҳам созад.

Фаррух Кузиев, яке аз масъулони ин лоиҳа зимни сӯҳбат ба РО гуфт, ки ин марказ ба мушкили аслии соҳаи фарҳанги Тоҷикистон, ин ҳам бошад набуди майдони озод барои намояндагони ҳунар расидагӣ мекунад. Ин барнома нишастҳо ва баҳсҳо бар сари мушкилоти ҷомеъаро аз ҳадафҳои аслии худ унвон кардааст.

Фаррух Қузиев мегӯяд: «Як фалсафаеро пуштибонӣ мекунем, ки аз нав аҳли санъатро, аз ҷумла рассомонро бо ҷомеа бипайвандем. Чунки имрӯз рассомон аз ҷомеа дур шуда, ба як табақаи алоҳидае, ки дар олами хеш зиндагонӣ мекунанд, табдил ёфтаанд. Дар ҳамин ҳол ҷомеа аз онҳо дар алоҳидагӣ рушд мекунад. Ҳол он ки ҳар яке аз ин табақаҳо метавонанд барои ҳалли мушкилоти имрӯзаи ҷомеа ба ҳамдигар кӯмак кунанд».

Фаррух Кузиев, бо вуҷуди он ки хеле ҷавон аст, аз вазъи софаи фарҳанги кишвар хуб огаҳӣ дорад ва ҳам 2 сол дар риштаи арт-менеҷмент дар магистратураи Амрико таҳсил кардааст. Бо татбиқи барномаи худ ӯ мехоҳад ба рафъи камбудиву норасоиҳое, ки садди рушди фарҳагу ҳунари муосири кишвар шудаанд, мусоидат намояд.

Фаррух мегӯяд, баъзе коргардонҳои ҷавон наметавонанд филмҳои офаридаи худро тавассути телевизиону кинотеатрҳо ба намоиш гузоранд. Бо вуҷуди он ки ин филъмҳо сифати хуб доранд. Ҳатто коргардони варзидае мисли Барзу Абдураззоқов на ҳама вақт метавонад ба театрҳои маҳаллии худамон роҳ ёбад.

Маркази «Душанбе Арт Граунд», ба тозагӣ рӯйи кор омад ва дафъатан мавриди истиқболи аҳли ҳунар қарор гирифт. Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони тоҷик мегӯяд, чунин марказҳо барои коргардонҳо ва ҳунармандони бахшҳои дигари фарҳангӣ аст, ки тоза ба майдон қадам гузоштаанд.

Сафар Ҳақдодов мегӯяд, рӯзе мерасад, ки ин гурӯҳ аз марзҳои кишвар берун мешавад ва эътироф пайдо кунад: " Чунки як гуна ҷамъомадҳо ва ҷашнвораҳои артграундӣ хеле зиёд аст дар дунё. Онҳо ба ин васила метавонанд, ки ҳамфикрону ҳамаслакони худро берун баранд аз Тоҷикистон ва дар доираҳои беруна он чизҳоеро, ки дар Тоҷикистон офариданд дар хориҷа намоиш диҳанд».

Коргардони ҷавони Абдулҳай Зокиров таъкид мекунад, ки Тоҷикистон лабрез аз ҷавонони боистеъдод аст, аммо набуди як минбари озод фаъолияту истеъдодҳои онҳоро дар ҳошия қарор додааст. Зеро ба гуфтаи Абдулҳай Зокиров, бахши умдаи асарҳое, ки дар риштаҳои мухталифи фарҳангӣ офарида шудаанд, бештар фармоишианд ва ба дарди мардум намехӯранд. Дар ҳоле, ки ба таъкиди ин Сафари Ҳақдодов

Сафари Ҳақдодов

коргардон, санъат озодиро мепарастад ва танҳо дар ин сурат, метавонад рушд кунад.

Ҳамон гуна, ки масъулони Маркази фарҳангии Арт Грануд мегӯянд, баргузории силсилаи давраҳои омӯзишӣ дар масоили доғи ҷомеаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ барои алоқамандони ин соҳа аз нақшаҳои ин марказ аст . Ба таъкиди онҳо, танҳо дар сурати рушди фарҳангу ҳунар метавон ба ҷаҳонбиниву маърифат ва зеҳни ҷомеа таъсир гузошт ва ҷомеаро ба дастоварду муваффақият таъмин кард.

Зимнан, маркази фарҳангии «Арт Граунд» ба ҳимояти молии Сандуқи Сорос ва Оҷонсии ҳамкорӣ ва рушди байналмилалии Шветсария ё Суис дар Тоҷикистон таъсис шудааст.

Чанд сол пеш Маркази фарҳангии «Бохтар» дар кишвар ба фаъолият шурӯъ кард, ки ба таъкиди ҳунаршиносон тавонистааст, таблиғгари фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ дар дохил ва хориҷ шудааст .
XS
SM
MD
LG