Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се узви Пуссӣ Райот ду солӣ маҳкум ба зиндон шуданд


Рӯзи ҷумъа додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми се узви гурӯҳи Пусси Райотро, ки дар калисои Маскав бар зидди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия даст ба эътироз заба буданд, эълон кард. Марина Сирова-қозии додгоҳ гуфт, ки се узви ин гурӯҳ 21 феврал эътрози худро дар дохили калисо “хеле бодиққат ба нақша гирифта будаанд.”

Ин се нафар ду сол маҳкум ба зиндон шуданд. Онҳоро моҳи марти соли ҷорӣ барои хулиганизм ё авбошӣ ва расонидани осеби маънавӣ боздошт карданд.

Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал мегӯяд, ин се нафар зиндониёни сиёсӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG