Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Тоҷикистон дубора соҳиби духтараш шуд


Таҳмина Толибова-шаҳрванди 28 солаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа дар суҳбати телефонӣтаз Анқара ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар баҳси додгоҳии яке аз ноҳияҳои Анқара пирӯз шудааст ва духтарчааш Зайино, ки аз тарафи шавҳари пешинаш Мурод Кумаш-шаҳрванди Туркия рабуда шуда буд, баргардонидааст.

Таҳмина гуфт, ки сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба ӯ кумак кардаанд ва ба намоянадгони сафорат изҳори ташаккур кард.

Таҳмина бо шавҳараш шаҳрванди Туркия, ки дар як ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия кор мекард, соли 2008 ошно шуда, никоҳи шаръӣ бастааст. Аз издивоҷи онҳо духтарчае ба дунё омадааст, ки ба ӯ Зайино ном гузошта буданд.

Ба гуфтаи Таҳмина, ҳамсари вай Кумаш Мурод авоили моҳи октябри соли 2011 Зайиноро бо худ ба Туркия бурданӣ шуд, то падари маризаш пеш аз марг набераи худро бубинад. Вале Таҳмина ба ин сафар, ки бояд бе ширкати ӯ сурат мегирифт, розӣ нашуд.

Ҳамсараш билохира ӯро низ бо худ ба Анқара бурд, аммо баъди ду рӯз Зайино нопадид шуд ва падараш онро рабуда пинҳон доштааст.
XS
SM
MD
LG