Пайвандҳои дастрасӣ

Филми Фарҳод Абдуллоев ба ҷашнвораи Алмаато меравад


Фарҳод Абдуллоев

Фарҳод Абдуллоев

Филми «Презумпция согласия»-и Фарҳод Абдуллоев-коргардони тоҷик аз номи Тоҷикистон дар ҷашнвораи 8-ӯми байналмиллалии синамо ширкат хоҳад кард. Ин ҷашнвора бо номи "Евразия" рӯзи ҷумъа дар Алмаато оғоз ёфт. Ҳоло Фарҳод Абдуллоев дар Маскав кор ва зиндагӣ мекунад.

Дар ин ҷашнвора коргардонон аз Русияву Қазоқистон, Юнону Дания, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Украина ва Туркияву Узбакистон бо филмҳои худ ширкат мекунанд.
«Презумпция согласия» дар ҷашнвораҳои муҳими байналмиллалӣ дар Латвияву Литва, Эстония, Варшава ва ғайра ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG