Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қироати ҳукми Пусси Райот дар Маскав оғоз шудааст


Рӯзи ҷумъа додгоҳи шаҳри Маскав ҳукми се узви гурӯҳи Пусси Райотро, ки дар калисои Маскав бар зидди Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия эътироз карданд, эълон кард. Марина Сирова-қозии додгоҳ гуфт, ки се узви ин гурӯҳ 21 феврал эътрози худро дар дохили калисо “хеле бодиққат ба нақша гирифта будаанд.”

Ба эҳтимоли зиёд ба ин се нафар се сол корҳои ислоҳотӣ ҳукм медиҳанд. Онҳо моҳи марти соли ҷорӣ барои хулиганизм ё авбошӣ ва расонидани осеби маънавӣ боздошт шуда буданд.

Амнести Интернешенал ё Афви Байналмиллал мегӯяд, ин се нафар зиндониёни виҷдон мебошанд.
XS
SM
MD
LG