Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмил бидор, эй сорбон, тундӣ макун бо корвон...


Муқаддас Муаллимшоева, роҳбалади қатораи шумораи 12-уми хатсайри Душанбе-Маскав

Муқаддас Муаллимшоева, роҳбалади қатораи шумораи 12-уми хатсайри Душанбе-Маскав

17-уми август иди касбии кормандони Роҳи оҳан таҷлил мешавад. Ин ширкат 17 ҳазор коргар дорад, ки занҳо бахши муҳими он ба шумор меоянд.

Ҳафт сол аст, ки Муқаддас Муаллимшоева ҳар моҳ 15 рӯз дар сафар аст. Аммо пеш аз оғози сафар ин роҳбалади қатори рақами 12-уми хатсайри Душанбе - Маскав ҳамаҷониба омода мешавад ва коргоҳи сайёри худро низ омода мекунад: «Мо пеш аз сафар вагонро қабул карда, ба ҳолати санитарӣ меорем, тоза мекунем, мешӯем, ҳамаҷоро хлор мезанем. Мусофиронро қар истгоҳ қабул карда ва баъд ба сафар мебароем».

Муқаддас Муаллимшоева аз руйи ихтисос мутахассиси соҳаи алоқа аст, аммо мегӯяд, бинобар кам будани маош чанд сол пеш аз Хоруғ ба Душанбе омад ва пас аз давраи семоҳаи омӯзиш меҳмондори қатор шуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд маоши роҳбаладон низ то 500 сомониро ташкил дода, барои зиндагии хуш кофӣ нест, муназзамии он ва баъзе мукофотпулиҳо ӯро дар ин пеша нигоҳ медоранд.

Агар Муқаддасро шароити зиндагӣ ба ин касб оварда бошад, Шоира Қаландарова, роҳбалади дигари хатсайри Душанбе-Маскавро як орзу ин ҷо овардааст. Вай мегӯяд: «Ман аз аввал мехостам ё стюардесса шавам ва ё духтур. Вале бо амри тақдир сарулибоси стюардессагиро неву либоси роҳбалади қатораро пӯшида кор карда истодам. Зеро фикр мекунам ин касб ба он касб низ шабоҳат дорад».

Шоира Қаландарова,роҳбалади қатора дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.

Шоира Қаландарова,роҳбалади қатора дар Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон.

Хонумони ҷавоне мисли Муқаддас ва Шоира дар ҳоле ба кори меҳмондории қаторҳо ҷалб шудаанд, ки ҳамагӣ чанд сол пеш касби онҳо яке аз пешаҳои пурхатар ба шумор мерафт. Зеро вуҷуди гурӯҳҳои авбош дар роҳҳо ва ҳамла тавассути чунин гурӯҳҳо ба вагонҳо, шикастани шишаҳои қатор, тафтишоти шадид дар гузаргоҳҳои кишварҳои ҳамсоя ва ғайра, ҳам мусофирон ва ҳам худи роҳбаладонро нороҳат менамуд. Аммо имрӯз ба таъкиди роҳбаладони корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, вазъ тағйир ёфтаву кор осонтар шудааст.

Саид Сатторов, раҳбари қатори шумораи 12-и самти Душанбе-Маскав гуфт: «Муносибати байнидавлатӣ ҳам бад нест. Солҳои пеш, то соли 2000-ум мусофирон хеле азоб мекашиданд. Ҳозир он азобҳо тамоман нест. Аз ҷониби гумрукчиёни давлатҳои Ӯзбакистон, Қазоқистон, Россия, сарҳадчиён. Пештар тафтишот бисёр буд. Дар вагонҳо ба ҷойи 54 нафар бисёртар одам мегирифтанд, ҳоло ин гапҳо нест».

Аммо дар ҳамин ҳол Саид Муродов, яке аз раҳбарони роҳбаладон гуфт, ки имрӯз низ мавридҳои ба қонуншиканӣ даст задани ҳамкоронаш ба мушоҳида мерасад. Ва аксаран онҳоро майли ба даст овардани даромади иловагӣ ба ин роҳ мебарад: «Барои кашонидани бору боғоҷи бепардохт, мусофирони бечипта, ҳамчунин барои вайрон кардани интизоми меҳнат, барои ба кор набаромадан, ҳамаи инҳоро ба назар гирифта, моҳе мешавад, ки то 20 нафар ҳам аз кор мераванд».




Саид Муродов ҳамчунин илова намуд, ки дар баъзе мавридҳо роҳбаладон бо иттиҳоми қонуншиканӣ, аз қабили қочоқи маводи мухаддир низ ба додгоҳ кашида мешаванд, аммо номбурда теъдоди мушаххаси чунин нафаронро нагуфт ва таъкид дошт, ки ингуна ҳолатҳо дар солҳои охир ба чашм намерасанд, зеро "назорат хеле сахт" ба роҳ монда шудааст. Аз ин нигоҳ ба таъкиди Саид Муродов, на ҳамаи роҳбаладон дар ин касб метавонанд то охир кор кунанд.

Солҳои шӯравӣ дар Роҳи оҳани Тоҷикистон хонумҳои тоҷик аҳёнан дар вазифаи роҳбалад кор мекарданд. Аммо дар замони истиқлол сар аз соли 2003 маъмурияти корхона барои бештар намудани шумори роҳбаладони зан озмун баргузор кард. Ин аст, ки ба гуфтаи Саид Муродов дар давоми 8 сол теъдоди занони роҳбалад аз 60 ба 240 нафар расид, яъне беш аз чор маротиба зиёд шуд. Зимнан, дар ширкати Роҳи Оҳани Тоҷикистон дар маҷмӯъ 750 роҳбалад кор мекунанд, ки сеяки онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Садриддин Сатторов, роҳбалади хатсайри Душанбе-Маскав кори занонро ситоиш мекунад ва мегӯяд, ҳар ҷое, ки зан ҳаст, онҷо тозагиву озодагӣ ҳаст.
Вале аз сӯи дигар, меафзояд Сатторов, дар баъзе мавридҳо бархӯрди ношоями мусофирон ба занҳои роҳбалад табъи ӯро хира мекунад: «Замоне дар вагони шумораи 12-ум зан роҳбалад буд, ман ҳангоме, ки бо ин вагон мегузаштам, дидам, ки мусофирон нисбат ба ӯ муносибати дағалона карда, ҳар гуна шӯхиҳои бемаънӣ мекунанд, онҳоро шинонида насиҳат кардам, ки ин корҳоро накунед. Илтимос мекардам, ки мусофирони мо ба занҳои роҳбалад ҳамчун хоҳари хеш, ҳамчун модарашон муносибат карда, онҳоро эҳтиром кунанд».

Дар ҳамин ҳол, тибқи суханони кормандони Роҳи оҳан, ҳоли ҳозир шумори мусофирони қатор, ҳам аз ҷониби Душанбе ва ҳам аз тарафи Москва кам шудааст. Аммо баҳору тирамоҳ маъмулан теъдоди онҳо афзуда, ба 850 нафар дар қатор мерасад.

Вале бо вуҷуди ин ки мусофирон каманду кор низ осонтар хоҳад шуд, Муқаддас Муаллимшоева мегӯяд, ба сафари нави худ мисли ҳамеша бо як андоза ташвиш ба роҳ мебарояд. Вай мегӯяд, давоми 15 рӯз аз дидори ду тифлаки дӯстрӯякаш маҳрум мегардад: «Онҳо хеле маро пазмон мешаванд, ман низ онҳоро ёд мекунам. Мана ҳозир ба сафар баромада истодаам, дилам хун мешавад. Ман дар сафарам, онҳо ҳаминҷоянд, оча куҷову бача куҷо. Лекин дигар илоҷ нест, касби интихобкарда ҳамин қурбониро талаб мекунад».

Муқаддас меафзояд, иди касбии худро монанди як роҳбалади ҳақиқӣ дар вагон ва рӯйи роҳи оҳан пешвоз мегирад.

Соҳибаи Кароматулло, Радиои Озодӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG